Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017

Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017.

Учебник по литературе для 10 класса на таджикском языке.

   Адабиёт неруи созандае мебошад, ки барои пешрафти ҳаёти маънавии ҷомеа, дарки худшиносии одамон, такомули донишу биниши онҳо имконият фароҳам меорад. Инсонро ба зиндаги дилгарм намуда, барояш роҳи дурусти ҳаётро нишон додан, ба саволҳои дили ӯ ҷавоб гуфтан, изтиробу ташвишро аз андешаи одамон дур кардан муҳимтарин вазифаи адабиёт ба шумор меояд. Бар ин бино адабиёти бадей дар зиндагии рӯзмарраи мо чун обу ҳаво зарур аст. Азбаски ҳаёти муқаррари дар асари бадей ба воситаи образҳо тасвир гардида, ба як санъати зебоиву нафосат табдил ёфта, боиси таваҷҷӯҳи дигарон мешавад, адабиётро ба сифати оинаи рӯзгори мардум истифода бурдан мумкин аст. Дар он ҳама бурду бохти ҷомеа бо хурдтарин ҷузъиёташ мавриди тасвиру таҳлил қарор мегирад. Яъне, паҳлуҳои мусбиву манфии зиндаги дар он инъикос меёбад ва сабабгори пайрави ба ҷиҳатҳои матлуб ва худдори аз паҳлуҳои манфи мегардад.

Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017


МАЗМУН ВА МОҲИЯТИ АДАБИЁТИ ДИДАКТИКИ.
Яке аз паҳлуҳои асосии адабиёт ин осори дидактики ба шумор меравад. Модом ки адабиёт аз калимаи «адаб» гирифта шуда, тарбияи хислатҳои ҳамидаро тарғиб мекунад, пас бо камоли итминон метавон гуфт, ки асарҳои дидактики асосан, аз тарғибу ташвиқи ахлоқу фазилатҳои неки инсонИ иборатанд. Ба вуҷуд омадани адабиёти ахлоқи на танҳо ба ташаккули тамаддуни милли мусоидат намуд, балки барои тарбияи инсони комил нақши аввалиндараҷа доштани адабиётро дар амал собит кард.

Адабиёти ахлоқи қисмати асосии адабиёти мардуми Шарқ, махсусан, адабиёти халқҳои Осиёи Марказиро ташкил мекунад, ки ҳадафи асосии он дар асрҳои миёна тарбия кардани инсони баркамол буд. Ба воситаи адабиёт наели наврасро тарбия намуда, барои дар оянда ба ҷомеа сидқидилона хизмат кардани онҳо дар сиришташон эҳсоси ватандусти, инсонпарвари бедор карда мешуд.

МУНДАРИҶА.
Нақши адабиёт дар ташаккули маънавият.
АДАБИЁТИ ДИДАКТИКИ.
Мазмун ва моҳияти адабиёти дидактики.
Абӯшакури Балхӣ.
Порчаҳо аз «Офариннома».
Назарияи адабиёт: Маълумот дар бораи маснави.
Унсурулмаолии Кайковус.
Порчаҳо аз «Қобуснома».
Назарияи адабиёт: Маълумот дар бораи ҳикоя.
Саъдии Шерози.
Порчаҳо аз «Бӯстон» ва «Гулистон».
Назарияи адабиёт: Маълумот дар бораи санъати саҷъ.
АДАБИЁТИ ХАЛҚИ.
Мазмун ва моҳияти адабиёти халқӣ.
Порча аз «Самаки айёр».
«Чор дарвеш».
Порча аз «Чор дарвеш».
Назарияи адабиёт: Маълумот дар бораи повеет.
АДАБИЁТИ ТАСАВВУФИ.
Пайдоиш ва ташаккули адабиёти тасаввуфи.
Саноии Ғазнавӣ.
Намуна аз осор.
Назарияи адабиёт: Маълумот дар бораи достони лирики.
Аттори Нишопурй.
«футувватнома»-и Аттор.
Ҷалолиддини Румй.
Намуна аз осор.
Назарияи адабиёт: Маълумот дар бораи ғазал.
АДАБИЁТИ УЗБЕК.
Заҳириддин Муҳаммад Бобур.
Ғазал ва рубоиҳо.
Нодира.
Ғазалҳо.
АДАБИЁТИ ҶАҲОН.
Ҷек Лондон.
«Дар талоши ҳаёт».
Аҳмади Шомлу.
Намуна аз осор.
Фсҳристи адабиётҳои истифодашуда.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-21 16:03:42