Адабиёт, 7 синф, Файзуллоева З., Эшонқулов Ҷ., Кабиров М., 2017

Адабиёт, 7 синф, Файзуллоева З., Эшонқулов Ҷ., Кабиров М., 2017.

Учебник по литературе для 7 класса на таджикском языке.

   Донишомӯзони азиз! Шумо дар синфҳои V ва VI бо фанни адабиёт аз наздик шиносои пайдо кардед. Акнун дар синфи VII донишҳои худро таҳким бахшида, ҳамчунин аз олами бойи илми адабиёт бештар баҳра мебардоред. Адабиёти бадей дар асл хазинаи бебаҳои олами инсони аст. Хазинае, ки афкори умум, рафтори умумро бо вожаву суханҳои дилнишину дилчасп дар асоси бандубасти хоси мантиқи, бо фикру хулосаҳои мӯъҷаз дар худ ҷамъ овардааст, тавассути «Адабиёт» ба шумо пешкаш карда мешавад. Одамон адабиёти бадеиро дар шаклҳои гуногуни он офарида, ба воситаи он ҳаёти худ, муҳити ҷомеаи инсонро ба тасвир мекашанд. Маҳз адабиёт бурду бохт, дарду алам ва шодиву сурури ҳаётро дар худ таҷассум менамояд. Адабиёт, инчунин, воситаи иайвандгари рӯҳи давру замонҳои гуногун аст. Чунки инсон аз чунин офаридаҳои худ ҳамдигарро дар нуқтаҳои гуногуни рӯи Замин огоҳ намуда, бо ҳам дардошною ба шоди шарик мегардад.

Адабиёт, 7 синф, Файзуллоева З., Эшонқулов Ҷ., Кабиров М., 2017


БАЁНИ САРГУВАШТИ ДАРВЕШИ АВВАЛ.
Дарвешон, ин камина, ки ҳоло бо либоси ҷанда дар хизмати шумо забондарози мекунад, аз шаҳри Яман мебошам. Падаре доштам, ки ӯро Хоҷа Аҳмад мегуфтанд. Вай савдогари калон буд, моли зиёд дошт, савдогарони бисёре бо пули ӯ сафар мекарданд. Вай ду фарзанд дошт. Яке бандаи шумо ва дигаре духтаре, ки падарам ӯро дар ҳаёти худ ба шавҳар дода буд...

Вақте ки синни ман ба чаҳордаҳсолаги расид, падарам бемор шуду баъд аз як ҳафтаи дар бистари бемори хоб кардан аз дунё чашм пӯшид. Хешон, ҳамсоягон ва ҳамкорон гирд омаданд ва корсозии падарамро ба тариқи шояду бояд ба ҷо оварданд. Ман то ҳафта ба азодори машғул будам. Баъд аз он ки ёрон ҳар як ба манзили худ рафтанд, мурдани падарам маълум шуд, дар кунҷи хона танҳо ва ғарибона нишастам ва дар ба рӯйи ошнову бегона бастам. Се рӯзи дигар ҳам бо сӯз ба сар бурдам.

МУНДАРИҶА.
МУҚАДДИМА.
ЭҶОДИЁТИ ШИФОҲИИ ХАЛҚ ВА АДАБИЁТИ ДАВРОНИ ҚАДИМ.
АДАБИЁТИ ТОҶИК. Адабиёти шифоҳӣ ва хусусиятҳои он.
Таснифи жанрҳои адабиёти шифоҳӣ.
Китобҳои халқӣ ва насри ривояти.
«Баёни саргузапгги дарвеши аввал».
НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ. Насри ривоятӣ ва хусусиятҳои он.
«Қимати шеър», «Самаки айёр».
Адабиёти қадим.
Маълумот дар бораи асотир.
Маълумот дар бораи сурудҳои қадима.
Осори қадими.
НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ. Маълумот дар бораи асархои панду ахлокӣ ва тамсили.
«Дӯсти нодон».
«Хикоят дар бораи подшоҳ ва занбӯри асал».
ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ НАМОЯНДАГОНИ АДАБИЁТИ КЛАССИКНИ ТОҶИК АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКИ.
Баҳси биноиву нобинои.
НАМУНА АЗ ОСОР. «Шикоят аз пири».
«Баҳори хуррам», «Хандаи лола».
«Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд».
НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ.
Маълумот дар бораи саньатҳои тасвири бадей: ташбеҳ, ташхис, истиора ва муболиға.
АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСИ.
«Ҳадяи султон ба Фирдавси».
Достони «Рустам ва Суҳроб».
НАМУНА АЗ ОСОР. «Разми Сухроб бо Гурдофарид».
НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ. Маълумот дар бораи жанри ҳамоса ва ҳамосаи милли-қаҳрамони.
АБӮАЛИ ИБНИ СИНО.
«Мурдаро зинда кардани табиб», «Табибии Абӯали Сино».
«Кувваи чашми Абӯали Сино».
«Ҳикоят дар бораи Абӯали».
АДАБИЁТИ УЗБЕК.
ЁДГОРИҲОИ ХАТТИИ ТУРКИ.
АДАБИЁТИ ҶАҲОН.
МУҲАММАД ИҚБОЛ.
НАМУНА АЗ ОСОР. «Панди боз ба бачаи хеш».
«Нағмаи сорбони Ҳиҷоз».
Аз «Армуғони Ҳиҷоз».
АЛЕКСАНДР ПУШКИН.
НАМУНА АЗ ОСОР. «Иқтидо ба Қуръон».
НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ. Маълумот дар бораи лирика.
Адабиётҳои истифодашуда.
Луғати калимаҳои душворфаҳм.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Адабиёт, 7 синф, Файзуллоева З., Эшонқулов Ҷ., Кабиров М., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-11-21 09:52:39