Учебник по литературе для 6 класса на таджикском языке.
Дар адабиёти бадей ҳаёт ва хислатҳои гуногуни одамон ба воситаи образҳои бадей инъикос меёбанд. Адабиёти бадей манбаи дониш аст. Он яке аз муҳимтарин воситаҳои тарбияи инсон мебошад. Аз ин рӯ, онро омӯхтан ва донистан аҳамияти бузург дорад.
Беҳтарин асарҳои бадей доираи ҷаҳонбинии хонандаро васеъ ва завқи эстетикиашро баланд мекунанд, дилу дидаашро равшан ва эҳсосашро нозуктар месозанд.
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ШЕЪР ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН.
Шеър калимаи арабӣ буда, бо калимаҳои шуур, шоир ҳамреша мебошад. Маънои луғавии он дарёфтан, донистап ва маърифати чизҳои нафис аст. Дар адабиёт суханеро, ки вазну қофия ва маънои борик дорад, шеър мегуянд. Офарандаи шеърро шоир меноманд. Шоир фикрҳои дақиқ ва маъниҳои тозаро оид ба ҳаёти инсони бо ҳиссу ҳаяҷон ва латофату назокати суханварй дар шеър ифода менамояд. Барой завқи бадей бахшидани шеър онро бо тавсиф, ташбеҳ, маҷоз, муболиға ва дигар воситаҳои тасвиру санъатҳои адаби зеб медиҳанд.
Шеър аз сухани одди, ки бо наср ифода меёбад, фарқ мекунад. Шоир дар шеър ба таносуби муайяни садоҳо эътибор медиҳад. Оҳанги таъсирбахши шеър ба туфайли таркиби пораҳои мустақили ибораҳо дар мисраъ ба даст меояд. Мувофиқи вазну зарбҳои овози ва мавзуни шаюти сухани дилкашу оҳангдорро мегирад. Дар бораи шеър Абӯалй ибни Сино чунин гуфтааст: «Шеър сухане аст хаёлангез, ки аз ақволи (қавли-гуфтори санҷидаи) мавзун ва мутасови (мутасови — бо ҳам баробар) сохта шудааст...». Аз ин рӯ, шеър аз азал зодаи эҳсосу эҳтирос буда, асоси онро образноки ташкил медиҳад. Ба туфайли образноки шеър пурмазмун гардида, нафосату фасоҳат пайдо мекунад, ба хонанда лаззат ва таъсири эмотсионалӣ (эҳсоси) мебахшад.
МУНДАРИҶА.
ХУШТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ.
Китоб — хазинаи маънавият.
БАНИ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД... ДОИР БА ДӮСТЙ ВА РАФОҚАТ.
Дӯстон тоҷи сар.
Оини дусти дар «Қобуснома».
Ифода ёфтани неки ва бацй дар асари «Хайр ва Шар»-и Низомии Ганҷави.
Ҳикматҳои Саъдии Шерози дар бораи дустй.
Тавсифи дусти дар достони «Матлаъ-ул-анвор»-и Амир Хусрави Деҳлави.
Таърифи дусти аз назари Ҳофизи Шерози.
Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи киноя.
Мирзо Турсунзода — вассофи дусти.
Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи шеър ва хусусиятҳои он.
Ҷонибек Қувноқ: «Агар ёрони ту бешанд.».
Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи тазмин ва мухаммас.
ХОКИ ВАТАН АЗ МУЛКИ СУЛАЙМОН ХУШТАР.
Ватан — модар.
Ривояти Томариса.
Васфи Бухоро дар шеърҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакй.
Ёди Ватан дар шеърҳои Камоли Хуҷандй.
Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи ғазал.
Инъикоси қаҳрамонии халқи тоҷик дар осори Садриддин Айни.
Ҳисси ватандусти аз назари Сотим Улуғзода.
Инъикоси Ватан ва ватандусти дар шеърҳои Лоиқ Шерали.
Узбекистан дар эҷодиёти Абдулло Орифов.
Меҳри Ватан аз нигоҳи Расул Ғамзатов.
Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи қаҳрамони асари бадей.
ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ.
Дониш талабу бузурги омӯз.
Манфиати донишу хирад аз назари Абӯшакури Балхй.
Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи маснави. Ситоиши хирад дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ.
Донишомӯзи дар «Кулоҳи сеҳрнок»-и ХудойбердИ Тӯхтабоев.
Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи адабиёти ахлоқӣ.
ҲАР КӢ НОН АЗ АМАЛИ ХЕШ ХӮРАД.
Меҳнат — асоси зиндаги.
Сайидои Насафи дар бораи кушишу кор.
Ҳикояти «Пири хоркаш»-и Абдураҳмони Ҷоми.
Марк Твен: Шоҳу гадо бошад баробар.
Назарияи адабиёт. Маълумот дар бораи образи бадей.
ҲУНАР - ДАВЛАТИ ПОЯНДА.
Ҳунар — аз дониш.
Андарзҳо доир ба ҳунар.
Мирзо Бархурдори Фароҳӣ: Дар баёни фоидаҳо ва қоидаҳои касбу ҳунар ва қобилият.
Фазлиддин Муҳаммадиев: Устоду шогирди — мероси аҷдод.
Рузи дафни Усто Оқил.
Шумо адабиёт омӯхтед.
Адабиётҳои истифодашуда.
Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Адабиёт, 6 синф, Саъдиев С., Самадов А., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.
Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу
Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:
Теги: учебник на таджикском языке :: литература :: Саъдиев :: Самадов :: 6 класс
Смотрите также учебники, книги и учебные материалы:
Следующие учебники и книги:
- Сказка и быль, история русской детской литературы, Хеллман Б., 2016
- Адабиёт, 8 синф, Қамарзода А., Эшонқулов Ҷ., Қамарова У., 2019
- Edebiýat, 8 synp, Klyçew R., Latipow N., Gurbanberdiýew N., 2019
- Толстой Л.Н., Пословицы и загадки, Рудакова Н.П., 2014
Предыдущие статьи:
- Адабият, 5 класс, Ералиева Г., Зулпихарова А., Маматалиева Д., 2020
- Адабият, 9 класс, Парпиев М., Алымов Б., 2019
- Адабиёт, 9 синф, Ҳамроев Ҷ., 2019
- Адабиёт, 5 синф, Азимов Ю., Эшонкулов Ж., 2020