Книги по физике для 10 класса на таджикском языке.
Китоби дарсии мазкур мушоҳида намудани ҷараён ва ҳодисаҳои табиат, таҳлил кардан, дар омӯхтани ҳодисаҳои физикӣ аз асбобҳо дуруст истифода бурдан, мафҳум ва бузургиҳои физикиро бо формулаҳои математикӣ ифода карда тавонистан, дар соҳаи фан бо комёбиҳои муваффақшуда, ба воситаи тадбиқи онҳо дар амал дар хонандагон ҷаҳонбинии илмиро инкишоф дода, дар оянда онҳоро барои дуруст истифодабарӣ аз комёбиҳои фан ва техника мақсад гузоштааст. Дар китоби дарсӣ қиcмҳои “Динамика . Элементҳои статика”, “Лаппишҳои механикӣ ва мавҷҳо”, “Гидростатика”, “Майдони электростатикӣ”, “Қонунҳои ҷараёни доимӣ”, “Ҷараёни электрикӣ дар муҳитҳои гуногун”, “ Майдони магнитӣ” омӯхта мешавад.
Маркази масса ва усулҳои муайян кардани онҳо.
Ҳангоми сохтани биною кӯпрукҳо, механизмҳои гуногун муҳим аст, ки онҳо дар ҳолати мувозинат бошанд. Дар вақти ба осонӣ кашондани борҳо, дар вақти гузоштани болорҳои хонаҳо ва иҷрои ҳамин гуна корҳо ба вазъияти мувозинатӣ диққат додан лозим аст. Мувозинати ҷисмҳо аз мавқеи маркази массаи онҳо вобаста аст. Маркази масса нуқтаи собитест, ки нисбат ба ҷисм ё системаи ҷисмҳо муайян карда мешавад.
Марказҳои массаи ҷисмҳо бо марказҳои вазнинии онҳо рост меоянд (расми 1.39). Баробартаъсиркунандаи қувваи ба ҳамаи қисмҳои ҷисм таъсиркунанда дар хати росте ҷойгир аст, ки аз маркази вазнинии ҷисм мегузарад. Аз ин рӯ, қувваи вазнинӣ дар маркази вазнинии ҷисм ҷойгир карда мешавад.
MУНДАРИҶА.
БОБИ I. ДИНАМИКА. ЭЛЕМЕНТҲОИ СТАТИКА.
Мавзӯи 1. Ҷамъ кардани қувваҳо.
Мавзӯи 2. Қувваи марказшитоб.
Мавзӯи 3. Ҳаракат дар майдони гравитатсионӣ.
Мавзӯи 4. Ҳалли масъалаҳо.
Мавзӯи 5. Вобастагии вазни ҷисм аз намуди ҳаракат.
Мавзӯи 6. Ҳаракати ҷисм дар зери таъсири якчанд қувва.
Мавзӯи 7. Ҳалли масъалаҳо.
Мавзӯи 8. Ҳаракати ҷисм дар ҳамвории моил.
Мавзӯи 9. Кори иҷрошуда ҳангоми кӯчонидани ҷисм дар ҳамвории моил. Коэффисиенти кори фоиданок(ККФ)-и ҳамвории моил.
Мавзӯи 10. Ҳалли масъалаҳо.
Мавзӯи 11. Кори лабораторӣ. Муайян намудани коэффисиенти кори фоиданоки ҳамвории моил.
Мавзӯи 12. Маркази масса. Намудҳои мувозинат. Моменти қувва.
Мавзӯи 13. Механизмҳои соддае, ки дар асоси қоидаи моментҳо кор мекунанд.
Мавзӯи 14. Ҳалли масъалаҳо.
Кори лоиҳавӣ: Сохтани механизмҳои содда.
БOБИ II. ЛАППИШҲО ВА МАВҶҲОИ МЕХАНИКӢ.
Мавзӯи 15. Лаппишҳои механикӣ.
Мавзӯи 16 Раққосакҳои пружинагӣ ва математикӣ.
Мавзӯи 17. Кори лабораторӣ: муайян кардани шитоби афтиши озод бо ёрии раққосаки математикӣ.
Мавзӯи 18. Мавҷҳои механикӣ.
Мавзӯи 19. Мавҷҳои садо.
Мавзӯи 20. Ҳалли масъалаҳо.
БOБИ III. ГИДРОДИНАМИКА ВА АЭРОДИНАМИКА.
Мавзӯи 21. Ҳаракати моеъ ва газҳо.
Мавзӯи 22. Истифодабарии вобастагии фишор ба суръати моеъ ва газҳо дар техника.
Мавзӯи 23. Ҳалли масъалаҳо.
БOБИ IV. МАЙДОНИ ЭЛЕКТРОСТАТИКӢ.
Мавзӯи 24. Принсипи суперпозитсияи шадидияти майдони электростатикӣ.
Мавзӯи 25. Майдон электрикии кураи заряднок.
Мавзӯи 26. Ҳалли масъалаҳо.
Мавзӯи 27. Кори иҷрошуда ҳангоми кӯчонидани заряди нуқтавӣ дар майдони электростатикӣ.
Мавзӯи 28. Энергияи потенсиалии заряди нуқтавии дар майдони электрикӣ ҷойгиршуда.
Мавзӯи 29. Энергияи майдони электрикӣ.
Мавзӯи 30. Машғулоти амалӣ. Табдилёбии энергия аз як намуд ба намуди дигар.
Мавзӯи 31. Ҳалли масъалаҳо.
БОБИ V. ҚОНУНҲОИ ҶАРАЁНИ ДОИМӢ.
Мавзӯи 32. Қувваи ҷараён ва зичии ҷараён.
Мавзӯи 33. Қонуни Ом барои занҷири пурра.
Мавзӯи 34. Ҳалли масъалаҳо.
Мавзӯи 35. Кори лабораторӣ: Муайян кардани қувваи электроҳаракатдиҳанда ва муқовимати дохилии манбаи ҷараён.
Мавзӯи 36. Вобастагии муқовимати ноқилҳои металлӣ аз ҳарорат.
Мавзӯи 37. Ҳалли масъалаҳо.
Кори лоиҳавӣ. Манбаи электрикии муқобил(алтернативӣ).
БOБИ VI. ҶАРАЁНИ ЭЛЕКТРИКӢ ДАР МУҲИТҲОИ ГУНОГУН.
Мавзӯи 38. Ҷараёни электрикӣ дар моеъҳо.
Мавзӯи 39. Қонуни якум ва дуюми Фарадей.
Мавзӯи 40. Ҳалли масъалаҳо.
Мавзӯи 41. Истифодаи электролиз дар рӯзгор ва техника.
Мавзӯи 42. Ҷараёни электрикӣ дар газҳо. Ҷараёни электрикӣ дар вакуум.
Мавзӯи 43. Нимноқилҳо ва фарқи онҳо аз металлҳо.
Мавзӯи 44. Гузаронандагии электрикии нимноқилҳо.
Мавзӯи 45. Асбобҳои нимноқилӣ ва истифодаи онҳо дар техника.
Мавзӯи 46. Кори лабораторӣ. Омӯхтани тавсифи волт-амперии диоди нимноқилӣ.
БOБИ VII. МАЙДОНИ МАГНИТӢ.
Мавзӯи 47. Индуксияи майдони магнитӣ. Майдони магнитии ноқили ҷараёндор.
Мавзӯи 48. Таъсири майдони магнитӣ ба ноқили ҷараёндор.
Мавзӯи 49. Таъсири мутақобилаи ноқилҳои ҷараёндор.
Мавзӯи 50. Кори иҷрошуда ҳангоми кӯчонидани ноқили ҷараёндор дар майдони магнитӣ.
Мавзӯи 51. Ҳаракати зарраҳои заряднок дар майдони магнитӣ.
Мавзӯи 52. Муҳаррики электрикии ҷараёни доимӣ.
Мавзӯи 53. Ҳалли масъалаҳо.
Мавзӯи 54. Индуксияи электромагнитӣ.
Мавзӯи 55. Машғулоти амалӣ. Омӯхтани ҳодисаи индуксияи электромагнитӣ.
Мавзӯи 56. Худиндуксия. Индуктивият.
Мавзӯи 57. Ҳалли масъалаҳо.
Мавзӯи 58. Энергияи майдони магнитӣ. Хосиятҳои магнитии моддаҳо.
Мавзӯи 59. Ҳалли масъалаҳо.
Адабиётҳои истифодашуда.
Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Физика, 10 синф, Турсунметов K.A., Усмонов Ш.Н., Рахматов Ҷ.A., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.
Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу
Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:
Теги: учебник на таджикском языке :: физика :: Турсунметов :: Усмонов :: Рахматов :: 10 класс
Смотрите также учебники, книги и учебные материалы:
Следующие учебники и книги:
- Современная аппаратура лазерного газоанализа для медицинских приложений, Учебное пособие, Кабанов А.М., Кистенев Ю.В., Никифорова О.Ю., Пономарев Ю.Н., 2017
- Экспериментальная механика композитов, Учебное пособие, Полилов А.Н., 2015
- Расчет погрешностей результатов измерений в табличных процессорах, Учебное пособие, Столбовский А.В., Фарафонтова Е.П., 2017
- Расчет и выбор оборудования тепловых пунктов, Методические указания, Панченко С.В., Демченко М.С., Токарева А.Н., 2021
Предыдущие статьи:
- Fizika, 10 klas, Tursunmetov K.A., Usmonov Sh.N., Raxmatov J.A., 2022
- Fizika, 7 synp, Suýarow K., Usarow J., Sangirowa Z., 2022
- Физика, 7 синф, Суяров K., Усаров Ж., Сангирова З., 2022
- Физика, 7 класс, Суяров K., Усаров Ж., Сангирова З., 2022