Физика, 7 синф, Ҳабибуллоев П.Қ., Бойдедаев А., Баҳромов А.Д., Бурҳонов С.О., 2017

Физика, 7 синф, Ҳабибуллоев П.Қ., Бойдедаев А., Баҳромов А.Д., Бурҳонов С.О., 2017.

Учебник по физике для 7 класса на таджикском языке.

   Мо дар синфи 6-ум оиди бузургиҳо, сохти модда, ҳодисаҳои механикӣ, гармӣ, рӯшноӣ ва садо маълумотҳои ибтидоӣ гирифта будем. Бо ин бори нахуст доир ба фанни физика соҳиби тасаввурот шудем. Акнун ба муфассал омӯхтани ҳар як қисми физика шурӯъ мекунем. Аз он ҷумла, дар синфи 7-ум қисми “Механика”-ро меомӯзем. Калимаи “Механика” аз куҷо пайдо шудааст? Дар қисми “Механика”-и физика чиҳо омӯзонда мешаванд?

Физика, 7 синф, Ҳабибуллоев П.Қ., Бойдедаев А., Баҳромов А.Д., Бурҳонов С.О., 2017


АСОСҲОИ КИНЕМАТИКА.
Механика аз се бахш: кинематика, динамика ва статика иборат аст. Мо омӯзиши механикаро бо шиносоии бахши кинематика шурӯъ мекунем. Дар бахши кинематика ҳаракати механикии ҷисмҳо омӯхта мешавад, лекин омилҳои ба зуҳур расонандаи ин ҳаракат, яъне, таъсири қувваҳо ба инобат гирифта намешавад. “Кинематика” аз калимаи юнонии “kinematos” гирифта шуда, маънои “ҳаракат”-ро дорад. Сипас бо бахши ба ҳаракати ҷисмҳои механикӣ омўзонандаи вобастагии массаи онҳо ва таъсири байниҳамдигарияшон – динамика шинос мешавем. Барои ба ҳаракат овардани ягон ҷисм ба онҳо қувваҳои маълум бояд таъсир расонанд. Бо қонуниятҳои пайвастшавии ин қувваҳо дар мавзўи бузургиҳои векторӣ шинос мешавем. Дар статика бошад, қонуниятҳои пайвастшавии қувваҳои таъсиргузор ва шартҳои дар мувозинат будани ҷисмҳо омўхта мешавад.
 
Мо барои омўхтани кинематика дар бораи мафҳум (нуқтаи моддӣ, системаи сарҳисоб, траэктория) ва бузургиҳо (роҳ, кўчиш, вақт, суръат, шитоб)-и зарурӣ тасаввуроти умумӣ ҳосил мекунем. Баъд чӣ гуна омўхташавии ҳаракати ҷисмҳо, чӣ гуна ҳал шудани масъалаҳои оддиро оид ба кинематика дониста мегирем. Аз маълумотҳои дар бахши мазкур овардашуда барои омўзиши бахшҳои минбаъдаи “Механика” истифода мебарем.

МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
АСОСҲОИ КИНЕМАТИКА.
Боби I. Маълумотҳои умумӣ оид ба ҳаракати механикӣ.
§1. Ҳаракати ҷисмҳо.
§2. Фазо ва вақт.
§3. Мафҳумҳои умумии кинематика.
§4. Бузургиҳои скалярӣ ва векторӣ ва амалҳои болои онҳо.
Боби II. Ҳаракати ростхатта.
§5. Мафҳум дар бораи ҳаракати ростхаттаи мунтазам.
§6. Суръати ҳаракати ростхаттаи мунтазам.
§7. Тасвири графикии ҳаракати ростхаттаи мунтазам.
§8. Суръат дар ҳаракати номунтазам.
§9. Шитоб дар ҳаракати собитшитоб.
§10. Суръати ҳаракати собитшитоб.
§11. Роҳи тайшуда дар ҳаракати собитшитоб.
§12. Муайян кардани шитоби ҷисм дар ҳаракати собитшитоб (Кори лаборатории 1).
§13. Афтиши озоди ҷисмҳо.
§14. Ҳаракати ҷисми ба боло амудӣ партофташуда.
Боби III. Ҳаракати гирдхаттаи мунтазам.
§15. Ҳаракати гирдхаттаи мунтазами ҷисм.
§16. Муносибатҳои байни бузургиҳои тавсифкунандаи ҳаракати гирдхатта.
§17. Шитоби марказрав.
АСОСҲОИ ДИНАМИКА.
Боби IV. Қонунҳои ҳаракат.
§18. Таъсири байниҳамдигарии ҷисмҳо. Қувва.
§19. Қонуни якуми Нютон – қонуни инерсия.
§20. Массаи ҷисм.
§21. Қонуни дуюми Нютон.
§22. Қонуни сеюми Нютон.
§23. Татбиқи қонунҳои ҳаракат дар ҳаракати гирдхатта.
§24. Қувваи чандирӣ.
§25. Муайян кардани сахтии пружина (Кори лаборатории 2).
Боби V. Ҳаракати ҷисмҳо бо таъсири қувваҳои берунӣ.
§26. Қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ.
§27. Қувваи вазнинӣ.
§28. Вазни ҷисмҳо.
§29. Зиёдавазнӣ ва бевазнӣ.
§30. Ҳаракати ҷисмҳо дар зери таъсири қувваи ҷозибаи Замин.
§31. Радифони маснӯи Замин.
§32. Қувваи соиш. Соиши оромиш.
§33. Соиши лағзиш. Соиши ғелиш.
§34. Муайян кардани коэффитсиенти соиши лағзиш (Кори лаборатории 3).
§35. Соиш дар табиат ва техника.
ҚОНУНҲОИ БАҚО.
Боби VI. Қонуни бақои импулс.
§36. Импулс.
§37. Қонуни бақои импулс.
§38. Ҳаракати реактивӣ.
Боби VII. Кор ва энергия. Қонуни бақои энергия.
§39. Кори механикӣ.
§40. Ҳисоб кардани кори иҷрошуда ҳангоми бардоштан ва ба ин масофа уфуқӣ кӯчондани ҷисм (Кори лаборатории 4).
§41. Энергияи потенсиалӣ.
§42. Энергияи кинетикӣ.
§43. Қонуни бақои энергияи механикӣ.
§44. Муайян кардани вобастагии суръат ва массаи энергияи кинетикии ҷисм ба он (Кори лаборатории 5).
§45. Тавоноӣ.
§46. Бақои энергия дар табиат. Коэффитсиенти кори фоиданок.
Илова. Ҳисоб кардани хатогиҳои ченкунӣ дар корҳои лабораторӣ.
Ҷавоби машқҳо.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Физика, 7 синф, Ҳабибуллоев П.Қ., Бойдедаев А., Баҳромов А.Д., Бурҳонов С.О., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-30 17:53:18