Тарбия, 11 синф, Кенҷаев Д., Исматова Н., Исломов З., 2021

Тарбия, 11 синф, Кенҷаев Д., Исматова Н., Исломов З., 2021.

Учебник по воспитанию для 11 класса на таджикском языке.

   Шумо ба наздикӣ ба остонаи ҳаёти мустақилона қадам мегузоред. Дар пеш озмоишҳои оддии ҳаёти ҳаррӯза, пасту баландии рӯзгор, роҳҳои аҷоиб ва озмуда нашудаи зиндагӣ Шуморо интизор аст. Зеро дар ин фазои васеи зиндагӣ фазилат ва нуқсонҳо чун неку бад, росту дурӯғ, ҳалолу ҳаром ҳамроҳ мегардад. Онҳо паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ мекунанд. Албатта, зиндагӣ бо ҳамин рангину пурасрор аст. Тасаввур кунед, ки шумо бори аввал дар ҳаёти худ ба вазъияти душвор дучор мешавед ва намедонед, ки чӣ тавр онро бартараф кунед. Шумо барои мубориза ба он зӯру қувват нахоҳед ёфт. Пас шумо ба кӣ ё ба чӣ муроҷиат мекунед?
Бешубҳа, намунаи шахсии волидайн ва наздикони шумо дар асоси самимият ва покӣ, таълимоти меҳрубонона ва серталабии мураббиёни шумо дар чунин вақт хеле муфид хоҳад буд. Дар давоми ёздаҳ сол тарбияи зебо, дониш ва малакаи аз китоби дарсии «Тарбия» ва фанҳои дигар гирифтаатон ба шумо кӯмак мекунад.

Тарбия, 11 синф, Кенҷаев Д., Исматова Н., Исломов З., 2021


Суханони бемағз.
Ман барои кор кардан ба Маскав рафтам. Дар вақтҳои холӣ ба интернет даромаданро одат кардам... Оҳиста-оҳиста узви гурӯҳҳои мухталифи шабакаҳои иҷтимоӣ шудам. Ман тавассути ин гурӯҳҳо дӯстони нав пайдо кардам. Ин «дӯстон» маро бо паҳлӯҳои гуногуни дин шиносоӣ карданд.

Баъдтар дар Маскав бо чанд “бародарон”-и нав шинос шудам... Ман тавассути интернет сӯҳбатҳои дар лагерҳои ҷангариёни Покистону Афғонистон ва наворҳои моҷарои Сурияро тамошо мекардам. Аз чӣ сабаб бошад, ки ба кори онҳо завқи калон доштам.

МУНДАРИҶА.
БОБИ I. АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ.
Мавзӯи 1: Барои рушди Ватан масъул ҳастам.
Мавзӯи 2: Мазмуни ҳаёти озод ва фаровон.
Мавзӯъҳои 3 – 4: Зиндагии бузург бо қадамҳои далерона.
Мавзӯи 5: Масъулият, шаъну шараф ва арзиши оила.
БОБИ II. МАЪНАВИЯТИ ИНСОН.
Мавзӯи 6: Маскани ибрат.
Мавзӯи 7: Таҳаммулпазирӣ.
Мавзӯъҳои 8 – 9: Ксенофобия.
Мавзӯъҳои 10–11: Миссионерӣ – таҳдид ба ояндаи ҷавонон.
Мавзӯъҳои 12–13: Маданияти истеъмоли ахборот дар кибермакон.
Мавзӯъҳои 14–15: Ғояҳои сулҳ дар динҳои ҷаҳон.
БОБИ III. ФАЗИЛАТҲОИ ЗЕБО.
Мавзӯъҳои 16–17: Гуногунии эҳсосҳо.
Мавзӯи 18: Нафосат ва маънавият.
Мавзӯъҳои 19–20: Сурат ва сират.
Мавзӯъҳои 21–22: Этикет.
БОБИ IV. РУШДИ ШАХСӢ.
Мавзӯъҳои 23-24: Таҳкурсии Ренессанс.
Мавзӯъҳои 25-26: Ваксинаи ҳалолӣ.
Мавзӯъҳои 27-28: Ҳавас кун ва ба пеш ҳаракат кун.
Мавзӯи 29: Аз меҳнат қадр ёфтан.
Мавзӯи 30. Роҳи интихобкардаи ман.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Тарбия, 11 синф, Кенҷаев Д., Исматова Н., Исломов З., 2021 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-03 17:29:25