Таърихи ҷаҳон, 11 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2018

Таърихи ҷаҳон, 11 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2018.

Учебник по истории для 11 класса на таджикском языке.

   Дар даври таърихи ҷаҳон, ки аз соли 1991 сар шудааст, дар сохтори иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии дунё дигаргуниҳои бузург рўй дод. Дар ин давр марҳилаи нави инқилоби илмию техникӣ – инқилоби компютеру ахборот сар зад, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият таъсири калон расонид. Зери таъсири ин инқилоб дар кишварҳои мутараққӣ ҷараёни гузариш аз марҳилаи индустриалии тамаддун ба марҳилаи постиндустриализм, асри ахборот оғоз ёфт.
Китоби дарсие, ки дар даст доред, дар баробари баёни воқеаҳои ин давр таҳлил намудани марҳилаи мазкури тараққиёти ҷамъият ва ба Шумоён-донишомўзоне, ки дар остонаи ҳаёти мустақил ҳастед, донишро оид ба дарки имконоти муқаррар кардани истиқболи зиндагӣ ташаккул медиҳад. Ин донишҳо барои дарки маданияти ҳар як халқи ҷаҳон ҳодисаи ноёби ба худ хос буданаш, усулиятҳои гуманизм ва ватанпарварӣ, арзишҳои умумбашарии ба ғояҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқӣ асосёфта кўмак мерасонанд. Барои донистани қонуниятҳои муҳими тараққиёти ҷамъият, пайдо кардани тасаввурот оид ба роҳҳои ба худ хоси пешрафт ва истиқболҳои он имкон медиҳад. Донишҳои шумо азбарнамуда, инчунин, таҷрибаи пешқадами таърихии кишварҳо дар роҳи татбиқи эҷодии онҳо дар Ўзбекистон ёрӣ хоҳанд расонд.

Таърихи ҷаҳон, 11 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2018


ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР СОЛҲОИ 1991-2017.
Пас аз инқирози моҳи август соли 1991 ба лавозимҳои асосии Россия на намояндагони қувваҳои демократӣ, балки фаъолони партияи коммунистӣ омаданд. Аксари ин фаъолон гарчанде дар солҳои бозсозӣ алоқаашонро аз ҳизби коммунистӣ канда буданд, имкониятҳои ислоҳотхоҳашон маҳдуд буд. Е.Гайдар, ки аз тарафи Б.Елсин ба мансаби Сарвазирӣ пешниҳод шуд, “меъмори” ислоҳот дар Россия гардид.

Ислоҳот хеле бо душворӣ ҷорӣ мегардид. Даромади миллӣ ва истеҳсолоти саноатӣ хеле паст рафт. Баъди озод намудани нарх аз 1-уми январи соли 1992 қиммати чизҳо боло рафт. Дар аксари оилаҳо хароҷоти хўрокворӣ қисми асосии даромади оиларо ташкил медод. Дар натиҷаи он дар Россия бори аввал баъд аз ҷанг нуфуси аҳолӣ ба кам шудан сар кард.

Инфлятсия ва беқарории сиёсӣ ба овардани сармоя аз хориҷа халал мерасонд. Соли 1999 қарзи хориҷии Россия аз 130 млрд доллар зиёд шуд. Ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ қарз намедодагӣ шуданд. Вазъи иқтисодии мамлакат ба аҳволи иҷтимоии аҳолӣ ҳам таъсир кард. Шумораи бекорон, гурезаҳо, қашшоқҳо ва бехонумонҳо афзуд.

МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
БОБИ I. КИШВАРҲОИ ДУНЁ ДАР ОХИРИ АСРИ ХХ—ИБТИДОИ АСРИ ХХI.
Мавзўи 1. Муносибатҳои байналмилалӣ дар охири асри ХХ—ибтидои асри ХХI.
Мавзўи 2. Инқилобҳои демократӣӣ дар кишварҳои Европаи Шарқӣ ва пошхўрии лагери сотсиалистӣ.
Мавзўи 3. Пош хўрдани давлати советӣ ва эълон шудани мустақилӣ дар собиқ республикаҳои советӣ.
БОБИ II. КИШВАРҲОИ ДУНЁ ДАР СОЛҲОИ 1991—2017.
Мавзўи 4. Федератсияи Россия дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 5. Республикаҳои Украина, Беларус ва Молдова дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 6. Давлатҳои соҳили Балтика дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 7. Давлатҳои назди Кавказ дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 8. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 9. Инкишофи ҷараёнҳои интегратсионӣ дар кишварҳои Ғарб. Муносибатҳои Иттифоқи Европа ва ШМА.
Мавзўи 10. Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 11. Республикаи Федеративии Германия дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 12. Британияи Кабир дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 13. Франсия дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 14. Италия дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 15. Самтҳои асосии инкишофи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ.
Мавзўи 16. Республикаи Халқии Хитой дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 17. Япония дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 18. Кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ дар солҳои 1990 – 2017.
Мавзўи 19. Республикаи Ҳиндустон дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 20. Республикаи Туркия дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 21. Республикаи Исломии Эрон дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 22. Покистон ва Афғонистон дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 23. Сурия ва Ироқ дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 24. Давлати Исроил дар солҳои 1991 – 2017 ва муаммои Фаластин.
Мавзўи 25. Кишварҳои Америкаи Лотинӣ дар солҳои 1991 – 2017.
Мавзўи 26. Кишварҳои Африка дар солҳои 1991 – 2017.
БОБИ III. МУАММОҲОИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ ДАР ИБТИДОИ ҲАЗОРСОЛАИ НАВ.
Мавзўи 27. Муаммоҳои глобализатсия, хавфу хатарҳои ҳарбӣ, экстремистӣ ва экологӣ дар охири асри ХХ – ибтидои асри XXI.
Мавзўи 28. Тараққиёти босубот ва муаммоҳои этно – иҷтимоӣ дар охири асри ХХ – ибтидои асри XXI.
Мавзўи 29. Тараққиёти илмию техникӣ. Илм, адабиёт, санъат дар охири асри ХХ – ибтидои асри XXI.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Таърихи ҷаҳон, 11 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2018 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-21 16:35:48